Дар Душанбе Рӯзи ҳифзи кӯдаконро ботантана таҷлил карданд

© Сайт города ДушанбеВ Душанбе отметили день защиты детей
В Душанбе отметили день защиты детей - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иштирокчиёни чорабиниро дар назди даромадгоҳ ҳунармандони театри бачагонаи "Лӯхтак" бо навои мусиқии мутантан ва рақсу бозиҳои шӯху дилхӯшкунанда истиқбол гирифтанд, ки барои ҳар як нафар хурдсол хурсандиву хушҳолии зиёд овард.

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар Душанбе ботантана таҷлил карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати шаҳри Душанбе.

Бино бар иттилои манбаъ, тадбирҳои идона ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон  аз соати 7-и субҳ дар Муссисаи давлатии "Аҳорун" бо баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ оғоз гардиданд.

Гуфта мешавад, дар баробари чорабиниҳои маърифатию фароғатӣ, дар саҳни МД "Аҳорун" ҳамчунин аксияҳои тарғиботии нозирони навраси ҳаракати роҳ ва дастаҳои ихтиёрии наврасон "Патрулони сабз" гузаронида шуданд.  

Пас аз сайру гашт ва бозию дилхӯшии кӯдакон, дар толори МД "Аҳорун" қисмати асосии чорабинӣ, бо баргузории барномаи фарҳангӣ идома ёфт. Дар барнома намояндагони Ҳукумати шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

"Аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ ба ғолибони фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе "Шукуфаҳои пойтахт" ва ғолибону иштирокчиёни озмуни шаҳрии "Хонандаи соли —2018" диплому ифтихорнома, ҷом ва тӯҳфаҳои омоданамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим гардид",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ. 

Рустам Эмомали открыл новые поля для мини-футбола в Курган-Тюбе и Дангаре - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Р. Эмомалӣ дар бораи таҷлили Рӯзи кӯдакон дар сатҳи олӣ

Манбаъ меафзояд, дар МД "Аҳорун" 1600 нафар кӯдакону наврасон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва мактаб-интернатҳои пойтахт иштирок намуданд ва ҳамаи онҳо бо туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон имрӯз ҳамчунин тадбирҳои идона дар мактаб-интернатҳои № 1, 2, 3 ва хонаи кӯдакони синни томактабии №4, Хонаи кӯдакони №1 ва 2-и шаҳри Душанбе гузаронида шуда, намояндагони мақомоти роҳбарии шаҳр ба тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии мазкур  тӯҳфаҳои шаҳрдор Рустами Эмомалиро тақдим карданд.

Лентаи хабарҳо
0