Расонаҳо: Қасри сафед нақшаи дидори Трамп ва Путинро тарҳрезӣ мекунад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин и президент США Дональд Трамп, архивное фото
Президент РФ В. Путин и президент США Дональд Трамп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тавре як манбаъ аз Қасри сафед хабар додааст, ҳоло сафири ИМА дар Русия Ҷон Хантсман дар Амрико аст, то дар ташкили мулоқот кӯмак кунад

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Қасри сафед барои баргузарии мулоқоти эҳтимолии раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва кишвардори Русия Владимир Путин гуфтушунидҳои пешакӣ мекунад, хабар медиҳад рӯзномаи Wall Street Journal дар истинод ба манбаи худ.

Тавре як намояндаи Трамп гуфтааст, ҳоло сафири ИМА дар Русия Ҷон Хантсман дар Амрико аст, то дар ташкили мулоқот мусоидат кунад. Омодагиҳои дидори эҳтимолӣ дар марҳилаҳои аввал аст.

Тавре рӯзнома афзудааст, рӯз ва макони дидори эҳтимолиро ҷонибҳоро муайян накардаанд.

"Нақшаи мулоқоти расмии Путин ва Трампро сафир Ханстман дар чанд марҳила дида мебарояд, ки он чанд моҳро дар бар хоҳад гирифт", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Афзун бар ин, нашрия хабар додааст, ки дар назар аст, пеш аз дидори эҳтимолии раисҷумҳурон роҳбарони штабҳои олии Амрико ва Русия Джозеф Данфорд ва Валерий Герасимов мулоқот кунанд.

"Яке аз масоили баррасишавандаи дидор вазъи ноороми Сурия хоҳад шуд" — менависад рӯзномаи Wall Street Journal.

Лентаи хабарҳо
0