Бисту як дӯкон ба коми оташ рафт: Ҳукумати Душанбе сӯхтори "Султони Кабир"-ро тавзеҳ дод

© Пресс-служба МЧС России / Гузариш ба медиабонкПожар на складе, архивное фото
Пожар на складе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сӯхтор дар табақаи якуми бинои 6 - ошёнаи Маркази савдо ба вуқӯъ пайваста, масоҳати 1230 метри мураббаъро фаро гирифт. Дар натиҷа ба анборҳо ва 21 адад дӯкону мағозаҳо зарари моддӣ расонда шуд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Дафтари матбуотии Ҳукумати шаҳри Душанбе дар гузорише сӯхтори шоми 2 июн дар бозори "Султони Кабир"-ро тавзеҳ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, сӯхтор соати 20:30 дақиқа дар табақаи аввали бинои шашошёнаи бозор сар задааст.

"Масоҳати 1230 метри мураббаъро фаро гирифта, дар натиҷа ба анборҳо ва 21 адад дӯкону мағозаҳо зарари моддӣ расонда шуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Барои хомӯш кардани сӯхтор қувваҳои Гарнизони хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва дигар ниҳодҳои марбута сафарбар гардиданд.

Оташ дар соати 00:15 бо пуррагӣ хомӯш гардида, пеши роҳи паҳншавии аланга ба дигар қисматҳои бино гирифта шуд.

Дар маҳалли ҳодиса ҷиҳати андешидани чораҳои бетаъхир ва бартараф намудани алангаи оташ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, прокуратураи шаҳри Душанбе, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар сохторҳои марбута ҳозир буданд.
Пештар дар бораи оташсӯзии бозор дар Душанбе, ин бор дар бозори "Султони Кабир" хабар дода шуда буд.

Далели сӯхтор алъон муайян карда нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0