Афғонистон мехоҳад бо Тоҷикистону Белорус дар соҳаи саноати кӯҳӣ ҳамкорӣ кунад

CC0 / Pixabay / Разноцветные камни, архивное фото
Разноцветные камни, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Палатаи саноат ва маъдани Афғонистон ҳавасмандии худро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои сеҷониба байни КВД “Тоҷинвест”, Палатаи савдо ва саноати Беларус ва Палатаи саноат ва конҳои Афғонистон иброз намуд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Роҳбари Палатаи саноат ва маъдани Афғонистон ҳавасмандии худро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои сеҷониба байни КВД "Тоҷинвест", Палатаи савдо ва саноати Беларус ва Палатаи саноат ва конҳои Афғонистон иброз намуд.

Бино бар иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон дар ин бора масъулини Тоҷикистону Афғонистон гуфтушунид кардаанд.

"Ахиран роҳбари КВД "Тоҷинвест" Ҷавоҳирлал Музаффарӣ бо Роҳбари Палатаи саноат ва маъдани Афғонистон Абдул Самад Сайди ва раиси ширкати Ghawsi Brothers Marble Stone Co. Алҳаҷ Торялай Ғафси мулоқот анҷом дод",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Афғонистон, тақвияти ҳамкориҳои КВД "Тоҷинвест" бо Палатаи саноат ва маъдани Афғонистон ва ширкати Ghawsi Brothers Marble Stone Co. баррасӣ намуданд.

Инчунин зимни мулоқот роҳбари ширкати Ghawsi Brothers Marble Stone Co. Алҳаҷ Торялай Ғафси ҳавасмандии худро барои ҳамкорӣ бо КВД "Тоҷинвест" дар соҳаи саноати кӯҳӣ иброз намуд.

Подписание экспортного контракта между РТ и РФ - Sputnik Тоҷикистон
Русия ба Тоҷикистон трактор ва техникаи кишоварзӣ содир мекунад

Лозим ба ёдоварист, ки ширкати мазкур дар соҳаи истеҳсоли санги мармар дар Афғонистон яке аз ширкатҳои бонуфуз ба ҳисоб меравад.

Фаъолияти он ба истеҳсоли санги мармар, санги сулаймонӣ (оникс) ва сангҳои ороишӣ бо истифода аз технологияҳои пешқадам ва мутахасисони таҷрибадор равона карда шудааст.

Харидорони асосии маҳсулоти ширкати Ghawsi Brothers Marble Stone Co. Эрон, Тоҷикистон, Итолиё, Туркия ва Аморати Муттаҳидаи Араб будааст.

Лентаи хабарҳо
0