Мудели украинӣ ба Ҷонибек Муродов "ошиқ шудааст"

© Foto / Instagram / laferideУкраинская модель азербайджанского происхождения Фарида Ибрагимова
Украинская модель азербайджанского происхождения Фарида Ибрагимова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фарида Иброҳимова – мудели озаритабори Украина то ҳол сару садоҳо дар бораи муносибатҳои ошиқонааш бо Ҷонибек Муродовро тавзеҳ надодааст

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Мудели укроинии озаритабор, дорандаи унвони дувумин зебосанами озмуни "Мисс Украина-2015" Фарида Иброҳимова то ҳол рад накардааст, ки бо овозхони машҳури тоҷик Ҷонибек Муродов иртиботи ошиқона дорад.

Бино бар иттилои Sputnik Озарбойҷон далоили ин сару садоҳои гирди номи мудел бо овозхони тоҷик наворе гаштааст, ки худи Фарида дар саҳифаи Instagram мунташир кардааст. Дар навор зебосанами украинӣ бо муҳаббат Ҷонибек Муродовро ба оғӯш мегирад.

 

Совсем скоро ☺️ #backstage #lilu

Публикация от FERIDE IBRAHIMOVA☪️ (@laferide) 21 Май 2018 в 8:33 PDT

 

"Ба зуддӣ намоҳанг мунташир мешавад",- тавзеҳ медиҳад наворро Иброҳимова.
Фарида Иброҳимова дар намоҳанги нави таронаи Муродов нақшаи маъшуқаи вайро бозӣ мекунад. Онҳо то андрозае ҷолиб ва воқеӣ дар ин намоҳанг нақш бозидаанд, ки бештари корбарони интернет ба воқеияти навор бовар кардаанд.

Худи Иброҳимова ин сару садоҳоро тавзеҳ намедиҳад ё рад намекунад.

Иброҳимова яке аз машҳуртарин зебосанамҳои Украина аст, ки дар ҳафтаҳои мӯди тарроҳони Украинаву Озарбойҷон фаъолона ширкат меварзад. Айни ҳол Иброҳимова дар доираи тарҳҳои таблиғотӣ бо хориҷиён  ҳамкорӣ мекунад. Иброҳимова кӯшиш мекунад, ки ҳаёти шахсии худро намоиш надиҳад.

Пештар хабар дода шуд, ки Ҷонибек Муродовро овозхони машҳури латиштабори Русия Лайма Вайкуле ба ҷашнвораи байналмилалӣ даъват кард.

Лентаи хабарҳо
0