Эҳтиёт кунед, қаллоб : талаби 20 ҳазор доллар барои озод кардан аз маҳбас

Марди муттаҳам худро вакил муаррифӣ карда, аз ҷабрдида 20 ҳазор доллар гирифтааст ва ваъда додааст, ки бародарашро аз маҳбас озод мекунад

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар шаҳри Душанбе вакили дурӯғие дастгир гардид.
Бино бар иттилои манбаъ, марди муттаҳам-сокини 34-солаи ноҳияи Восеъ  қаблан бо моддаи 247 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон суд шудааст.

"Ӯ моҳи декабри соли 2017 ба боварии марди 68-солаи сокини маҳаллаи Испечаки ноҳияи Сино даромада, худро ҳамчун ҳимоятгар (адвокат) муарифӣ карда, барои аз ҷавобгарӣ озод намудани бародараш аз ӯ 20000-доллари амрикоӣ талаб карда гирифта, то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
 
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала