Навори муроҷиати Меҳрона Ғайбуллоева ба шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ

Обуна шудан
Овозхони ҷавон аз раиси шаҳр дархост мекунад, ки дар таъмини манзил ба вай кӯмак кунанд

Меҳрона Ғайбуллоева бо муваффақият дар се давраи озмуни "Ту беҳтаринӣ!" Тоҷикистонро муаррифӣ кард. Аммо пас аз нокоми маҷбур ба Тоҷикистон баргашт. Духтари тоҷик тавонист дар доираи озмун маҳорати худро ба маротиб сайқал диҳад, ҳатто байни сокинони Тоҷикистон номдор ҳам шуд. Аммо озмун, ки ба анҷом расид, Меҳрона боз ба зиндагонии маъмулии хеш баргашт: ба болои он ки мутаассифона, Меҳрона аз волидон маҳрум шудааст, духтарак манзиле надорад, ки дар он зиндагӣ кунад. Ба Меҳрона аз падару  модар хоҳаракаш ҳам нишона мондааст, ки ба гуфтаи худаш, тарбияашро бар ӯҳда дорад.

Меҳрона Ғайбуллоева дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Sputnik Тоҷикистон ба раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ мурҷиат кард.

Ӯ аз раиси шаҳр дархост мекунад, ки дар таъмини манзил ба вай кӯмак расонад.

"Ҳоло шахсан ба қабули раиси шаҳр нарафтаам. Аммо аз фурсати муносиб истифода бурда, аз шаҳрдор хоҳиш дорам, ки ба ман дар таъмини манзил кӯмак кунад, зеро дар ҳақиқат сахт ба манзил ниёз дорам",- мегӯяд Меҳрона.

Мусоҳибаи пурраи Меҳрона Ғайбуллоеваро метавон дар маводи Sputnik Тоҷикистон пайдо кард.

Лентаи хабарҳо
0