Дипломати бритониёӣ ба қасри малика бо гиревбанди тарроҳи тоҷик рафт

© Facebook / British Ambassador Hugh PhilpottПосол Великобритании в Таджикистане Хью Филпот в галстуке от таджикского дизайнера Хуршеда Сатторова
Посол Великобритании в Таджикистане Хью Филпот в галстуке от таджикского дизайнера Хуршеда Сатторова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба маросими тақдими ҷоиза дар қасри Букингеми Бритониё сафир бо гиревбанди атласи тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов омада аст

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik.  Сафири Бритониё дар Тоҷикистон Хю Филпот ба қасри Букингем бо гиревбанди тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов рафт.

Дар қасри Букингем маликаи Бритониё Елезавета ба дипломат Ордени императории Бритониёро тақдим кардааст.

Сафир дар саҳифаи Facebook аз тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов барои пешниҳоди гиревбанди атлас изҳори сипозгузорӣ кардааст.

"Ман ифтихор мекунам, ки  бо гиревбанд тарроҳи тоҷик ба қасри Букингем омадам. Маро бо ҷоизаи баланди Ордени импиратории Бритониё қадрдонӣ карданд. Сипосгузорам аз Хуршед Сатторов",-  навиштааст ӯ.

Қаблан Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторовро бо унвони "Аълочии фарҳанги Тоҷикистон" қадрдонӣ карда буд.

"Аз вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода барои қадрдонии фаъолиятам, миннатдорам", — навишта буд Хуршед Сатторов.

Инчунин чанде пеш тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов либосҳои нави худро дар ҷашнвораи "Абрешим ва пироҳан" дар Узбакистон рӯнамоӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0