Чаро говат ба манзилам даромад?: модари ҳамсояро бераҳмона кушт

© PixabayНож в руке
Нож в руке - Sputnik Тоҷикистон
Ҷанҷол байни занон барои буридани шохаи дарахт ва ба манзили яке аз онҳо даромадани чорвои ҳамсоя сар задааст

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Зани ҷавоне модари ҳамсояашро бо як бераҳмии махсус кушт, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттиои манбаъ, 8-уми июн, тахминан соати 15:30-дақиқа, зани 29-солаи сокини деҳаи Султонободи ноҳияи Шаҳритуз, оиладор соҳиби 3-фарзанд, бо ҳамсояаш зани 22-сола, барои буридани шохҳои дарахтони байни хонаашон ва барои ба замини ҷуворимаккаи ҳавлиашон даромадани чорвои ҳамоя, ҷанҷол намуда, якдигарро дашному ҳақорат кардаанд. 

Женщина дает пощечину девушке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Занозании келини ҷавон ва хушдомани 84-сола дар Душанбе

Баъдан, ҳамон бегоҳӣ, тахминан соати 21:30-дақиқа, модари зани 22-сола, зани 50-солаи сокини деҳаи Пахтаобод, бо ҳамроҳии духтаронаш бо мақсади муайян намудани ҳодисаи буридани дарахтҳо ва фаҳмидани сабаби ҷангу ҷанҷолашон ба хонаи зани 29-сола рафтаанд. 

Ҳангоми ворид шуданашон ба ҳавлӣ байни онҳо ва шавҳари зани номбурда боз ҷанҷол сар задааст. 

"Дар ҳамин ҳолат зани 29-сола, бо мақсади куштор аз ҳуҷраи зисташ корди ошхонагиро гирифта, ба саҳни ҳавлӣ баромада, ба узвҳои ҳаётан муҳими қисмати рости гардани модари ҳамсояаш — зани 50-сола ду маротиба зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ. 

Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Сокини Хоруғ: Қосим ҳамсояашро дар ҳолати мастӣ кушт

Ҳамзамон, номбурда ба ин қаноат накарда, бо ҳамон тарзу усул сӯйиқасд ба куштори духтарони ӯро содир намуда, ба воситаи корди дар дасташ буда, ба онҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расонидааст. 

Худи ҳамон шаб зани 50-сола дар беморхонаи ноҳия бистарӣ гардида, тахминан соати 03:00-дақиқаи санаи 9-уми июни соли 2018 ба ҳалокат расидааст. 

Нисбати зани муттаҳам дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ аз ҷониби Додситонии ноҳияи Шаҳритуз парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаҳои 32 қисми 3 ва 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала