Сел дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ

© Sputnik / Амир ИсаевДорога Душанбе-Худжанд. Архивное фото
Дорога Душанбе-Худжанд. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" аз ҳамаи ронандагон ва мусофирон хоҳиш кардааст ки пеш аз баромадан ба сафар мошинҳои худро пурра аз назорати техникӣ гузаронда, ҳангоми ҳаракат дар роҳ ба қоидаҳои бехатарӣ риоя намоянд ва ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Шоми 9 июн дар пайи боришоти зиёд  дар   шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ  сел омад, хабар доданд аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон.

"9 июн дар  километри 332 то 335  - уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд сел омад, ки дар натиҷаи як қисми роҳ хароб гардид", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, айни ҳол роҳ барои ҳаракати нақлиёт кушода буд, кормандони ширкати IRS паёмадҳои офати табииро бартараф мекунанд.

Ширкати  "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" аз ҳамаи  ронандагон ва мусофирон хоҳиш кардааст ки   пеш аз  баромадан ба сафар  мошинҳои  худро пурра аз назорати техникӣ гузаронда, ҳангоми ҳаракат дар роҳ ба қоидаҳои бехатарӣ риоя намоянд ва ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Пештар қисме аз шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд фурӯ рехта буд.

 

Шаби 1 июн дар 138 километрии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ҳудуди деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ фурӯрезии роҳ ба  амал омад, ки дар натиҷаи қисме аз роҳ (35 метр)  тахриб шуд.

Ширкати IRS қисми тахрибшудаи роҳро таъмин кард.

Лентаи хабарҳо
0