Дар ноҳияи Ашт корхонаи коркарди санги хоро ба фаъолият шурӯъ кард

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкТаджикский алюминиевый завод
Таджикский алюминиевый завод - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корхона дар 1 сол то 3000м2 санги хороро коркард ва истеҳсол менамояд. Захираи ашёи хом зиёда аз 158 ҳазор м3 мебошад. Таҷҳизоти замонавии коргоҳ аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид ва насб гардидааст

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Ашт корхонаи коркарди санги хоро ба фаъолият шурӯъ кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии вилояти Суғд.

"Дар ноҳияи Ашт корхонаи коркарди санги хоро мавриди истифода қарор гирифт, ки  дар он 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд", — менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, корҳои сохтмонии ин корхона моҳи апрели соли 2018 бо маблағи лоиҳавии 1 млн. 400 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Абдулҳақ Бобоҷонов оғоз гардида, июни соли 2018 ба итмом расиданд.

Корхона дар 1 сол то 3000м2 санги хороро коркард ва истеҳсол менамояд. Захираи ашёи хом зиёда аз 158 ҳазор м3 мебошад. Таҷҳизоти замонавии коргоҳ аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид ва насб гардидааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳи коргоҳи мазкурро барои сокинони ноҳия дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ туҳфаи хуб арзёбӣ кард. Мавсуф ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки доираи фаъолиятро марҳила ба марҳила васеъ намуда, барои ташкили ҷойҳои кории иловагӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ намояд.

Лентаи хабарҳо
0