Рамазон Қодиров Муҳаммад Салоҳро беҳтарин футболбози ҷаҳон номид

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкРамзан Кадыров, архивное фото
Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Ҷоми қаҳрамонии футболи ҷаҳон 2018 Миср бо Русия, Уругвай ва Арабистони Саудӣ ба сабқат мебарояд

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ҳамлагари тими мунтахаби Миср ва "Ливерпул" Муҳаммад Салоҳро  беҳтарин футболбози ҷаҳон гуфтааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии RT хабар медиҳад.

"Муҳаммад Салоҳ — беҳтарин футболбози ҷоҳон ва инсони идеалист", — гуфтааст Қодиров.

Дар Ҷоми қаҳрамонии футболи ҷаҳон 2018 Миср  бо Русия, Уругвай ва Арабистони Саудӣ ба сабқат мебарояд.

Ёдрас мешавем, 10 июн футболбозони тими Миср барои ширкат дар сабқати Ҷоми қаҳрамонии футболи ҷаҳон 2018 ба шаҳри Грозний омаданд.

Рамазон Қодиров шахсан Муҳаммад Салоҳро ба майдони варзишии "Ахмат Арена" бурда буд. Машқи кушоди тими Мисрро дар ин варзишгоҳ наздики 8 ҳазор мухлиси футбол тамошо карданд.

Лентаи хабарҳо
0