Ҳамла бо каланд ба зани дувуми падар дар Панҷиканд

Обуна шудан
Ҷавони 34-солаи сокини деҳаи Ғусари шаҳри Панҷиканд ба иттиҳоми расидани ҷароҳати вазнин ба ҳамасри падар дастгир шуд

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар шаҳри Панҷиканд ҷавоне ба ҳамсари падараш бо каланд ҷароҳати вазнин расонид, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 3 июни соли равон дар заминҳои корами хоҷагии деҳқонии "Баҳриддин"-и шаҳр рух додааст.

"Писару модар дар заминҳои корами хоҷагӣ қарор доштанд. Дар ҳамин ҳол ҷавон хабардор мешавад, ки модараш бо ҳамсари дувуми падараш ҷанҷол мекунад. Ҷавон дар пайи хархашаи ду зан ба сари ҳамсари дувуми падараш бо каланд задааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ташхиси додгоҳиву пизишкӣ муайян кардааст, ки зани ҷабрдида ҷароҳати вазнин бардоштааст.

Аз рӯйи ҳодиса мутобиқи моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0