Русия шумораи муҳоҷиронро дар сохтмон кам мекунад

Обуна шудан
Русия мехоҳад шумораи муҳоҷирони кориро дар сохтмонҳои кишвар то 80 дар сад кам кунад

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Вазорати меҳнати Русия пешниҳод намудааст, ки дар соли 2019 барои муҳоҷирони меҳнатие, ки дар соҳаи сохтмон фаъолият мекунанд, маҳдудият ворид намояд.

Мувофиқи он шумораи коргарони муҳоҷирон дар сохтмон то 80 дар сад кам мешавад.

Моҳҳои апрели соли равон хабар дода шуд, ки Мақомоти вилояти Сахалин пешниҳоди ширкатҳои маҳаллӣ дар мавриди ба кор гирифтани 1,2 ҳазор муҳоҷирони меҳнатиро рад кардаанд.

Ҳукумати минтақа аз соли 2016 "самти коҳиш додани теъдоди хориҷиёнеро, ки дар иқтисоди ҷазира кор мекунанд, пеш гирифтааст".

Маҳдудияти кори муҳоҷирон дар истеҳсоли нон ва маҳсулоти қаннодӣ, кор дар автоистгоҳҳо, нақлиёти мусофиркаш ва таксӣ, инчунин дар як қатор бахшҳои тиҷорат ва сохтмон, ҷорӣ шудааст.

Муовини раиси ҳукумати вилоят Алексей Белик гуфт, ки дар минтақаи Сахалин нахуст бояд шаҳрвандони Русия ба кор таъмин шаванд.

Лентаи хабарҳо
0