Душанбе метавонад пойтахти фарҳангии кишварҳои ҳамсуд шавад

© © Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе метавонад ба ҳайси пойтахти фарҳангии кишварҳои ҳамсуд дар соли 2021 интихоб шавад

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Шаҳри Душанбе метавонад пойтахти фарҳангии кишварҳои ҳамсд дар соли 2021 интихоб шавад, иттилоъ додааст маркази матбуоти кумитаи иҷроияи ИДМ.

Ин пешниҳод дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои башардӯстона ва Раёсати бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи ИДМ, ки 20 июни соли ҷорӣ дар Остона баргузор мешавад, баррасӣ хоҳад шуд.

Иштирокдорони ҷаласа, инчунин масъалаҳои мубрами имрӯзаро баррасӣ намуда барномаҳо барои соли ояндаро муайян хоҳанд кард.

Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаи ҷоизаи байнидавлатии "Ситораҳои дӯстӣ" ва ҷоизаи байналмилалии ҷоизаи байналмилалии "Нахустин ҳунарнамоӣ", баррасӣ хоҳад шуд.

Инчунин дар ҷаласаи мазкур замон ва макони баргузории 14-умин ҷаласаи донишмандон ва рушанфикрони кишварҳои узви ИДМ муайян шуда, масалаи 2-умин ҷаласаи донишмандони кишварҳои ИДМ, ки моҳи октябр дар шаҳри Ереван баргузор мегардад, баррасӣ мешавад.

Шӯрои ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои ҳамсуд соли 2006 таъсис ёфтааст. Ба ҳайати он Озарбойҷон, Арманистон Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон дохил мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала