Ожонси мубориза бо фасод як мансабдори дигарро боздошт кард

Кормандони Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод роҳбари корхонаи фаръии давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Варзобро дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Бино ба иттилои ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод Тоҷикистон, ба иттиҳомии қаллобӣ ва сӯиистифода аз мансаб роҳбари корхонаи фаръии давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Варзобро дастгир шуд.

Ятимов Муродали дар симати мудири корхонаи фаръии давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Варзоб кор карда, бо суйистифода аз ваколатҳои мансабӣ аз шаҳрванд бори аввал маблағи 3,5 ҳазор сомонӣ гирифтаааст.

"Вай шаҳрвандро бовар кунонидааст, ки таввасути додгоҳ дар ҳуҷҷатгузорӣ намудани хонаи падараш кумак мерасонад ва баъдан боз аз ин шаҳрванд овардани маблағи 5,5 ҳазор сомонии дигарро талаб намудааст", — гуфта мешавад дар иттилоъи манбаъ.

Муродали Ятимов, ҳангоми ситонидани ришва  5,5 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Ожонси мубориза бо фасод дастгир шуд.

Бо далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала