Бонки миллии Тоҷикистон сиккаҳои нави 1, 3 ва 5 сомониро роиҷ кард

Бонки миллии Тоҷикистон аз санаи 20 июни соли ҷорӣ сиккаҳои нави яксомонӣ, сесомонӣ ва панҷсомониро роиҷ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Бино бар иттилои равоботи умуми Бонки миллии Тоҷикистон аз  20 июни соли ҷорӣ сиккаҳаои нави яксомонӣ, сесомонӣ ва панҷсомонӣ ва сиккаҳои 10, 20, 50 дирам роиҷ мешаванд.

Сиккаҳои нав бо мақсади таъмини талаботи муомилоти пули нақд бо пулҳои майда, аз ҷумла сиккаҳо, инчунин тоза нигоҳ доштани пулҳои нақд дар муомилот роиҷ хоҳад шуд.

Сиккаҳои яксомонӣ, сесомонӣ, панҷсомонӣ ва сикаҳҳои 10, 20, 50 дирамӣ, барориши соли 2018 дар баробари сиккаҳои барориши солҳои 2001, 2006, 2011, 2015 ва 2017 роиҷ хоҳанд шуд.

Бонки миллӣ таъкид кардааст, ки сиккаҳаои "сомонӣ" ва "дирам" дар корхонаи сикказании Бонки миллии Қазоқистон зарб зада шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки қаблан Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифта буд, ки пулҳои коғазии яксомонӣ, сесомонӣ ва панҷсомониро бо сиккаҳои баробарашон ҷойгузин кунад.

Далели ин ҷойгузиниро БМТ зуд фарсудаву пора шудани пулҳои яксомонӣ, сесомонӣ ва панҷсомонӣ гуфта, ки бештар аз дигар пулҳо дар муомилот ба кор мераванд. Аммо раиси Бонки миллӣ миқдори куллии сиккаҳоро мушаххас накард.

Пештар хабар дода шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бунгоҳҳои эътибориро муваззаф карда, ки пулҳои коғазии фарсудаву порашудаи шахсҳои ҳақиқӣ ва ҳуқуқиро ройгон бо пулу сиккаҳои нав иваз кунанд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала