Бори аввал тими милли Русия ба "плей-офф"-и Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Обуна шудан
НовостиTelegram
Тими миллии футболи Русия дастаи Мисрро 3:1 шикаст дода, бори аввал ба давраҳои 1/8 финал роҳ ёфтааст

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Бозии бобарори тими  Русия шоми 19-уми июн дар варзишгоҳи шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд.

Русия ин дафъа дастаи Мисрро дар ҳузури 65 ҳазор тамошобин бо ҳисоби се бар як шикаст дод.

Голи нахустинро дар ин бозӣ ҳимоятгари дастаи Миср Аҳмад Фатҳӣ ба дарвозаи худ зад. Ду голи дигарро ба дарвозаи Миср дар дақиқаи 59-ум Денис Черишев ва дар дақиқаи 62 ҳамлагари рус Артём Дзюба ба нишон расониданд.

Футбол. ЧМ-2018. Матч Египет - Уругвай - Sputnik Тоҷикистон
Муҳаммад Салоҳ: пурра ба сабқат бо тими Русия омода ҳастам (НАВОР)

Дар дақиқаи 73-юм ситораи футболи Миср Муҳаммад Салоҳ ба дарвозаи Русия ягони голи тими Мисрро ба ҳадаф пасонид. Аммо кӯшишҳои баъдии Салоҳ бенатиҷа монданд.

Баъди бохти ду бозӣ тими миллии Миср имконияти баромадан ба давраи  аз даст дод ва баъд аз як бозии дигар бо Арабистони Саудӣ мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳони —2018-ро тарк мекунанд. Талошҳои Муҳаммад Салоҳ, ки баъд аз танаффуси тӯлонӣ ба сабаи лат хурданаш дар Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ба майдон баромад, натиҷа надоданд.

Русия баъд аз пирӯзӣ бар Миср соҳиби шаш имтиёз гашт ва имконияти баромадан ба даврӣ 1/8 финалро аз даст дод.

Пас аз бозӣ, сокинони шаҳрҳои бузурги Русия ба кӯчаҳо баромада, аз пирӯзии дастаи Русия изҳори хушнудӣ мекарданд.

Лентаи хабарҳо
0