Чаро Тоҷикистон қашшоқтарин кишвари ИДМ дониста шуд?

© © Илья БуяновскийЖители деревни в Таджикистане, архивное фото
Жители деревни в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бино бар маълумоти таҳқиқоти иҷтимоӣ шумораи аҳолии камбизоати Тоҷикистон дар соли 2016 ба 30,3 дарсад расид

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Тоҷикистон байни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил камбизоаттарин  дониста шудааст. Дар ин бора Кумитаи  байнидавлатии омори ИДМ дар гузориши вижае  хабар додааст.

Тибқи таҳқиқоти кумита, шумораи аҳолии камбизоати Тоҷикистон дар соли 2016 ба 30,3 дарсад расидааст. Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар соли 2016 нисбат ба соли гузашта 1,3 дарсад кам шудааст.

Ду сол қабл шумораи аҳолии камбизоати Қирғизистон ба 25,4 дарсад мерасид. Аммо дар ҳоле, ки дар соли 2015 аҳолии кишвар аз мардуми Тоҷикистон камбизоаттар буд, Қирғизистон дар як сол тавонистааст ин нишондодро то 6,7 дарсад кам кунад.

Дар Душанбе низоми нави кӯмак ба хонаводаҳои камбизоат баррасӣ шуд - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе низоми нави кӯмак ба хонаводаҳои камбизоат баррасӣ шуд

Мутаносибан  дар Қазоқистон (2,6%), Украина (3,8%), Белорус (5,7%) ва Озарбойҷон (5,9%) сатҳи пасти камбизоатӣ ба қайд гирифта шудааст. Шумораи аҳолии камбизоат дар Русия дар соли 2016 ба 13,3 дарсад расидааст.

Тибқи гузорише, ки Созмони озуқавории СММ қаблан интишор карда буд, дар Тоҷикистон беш аз 2,6 милион нафар аз ғизо сер намешавад.

Ба гуфтаи профессори Донишгоҳи дустии халқоҳои Русия Инна Андронова, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба қатори кишварҳои камбизоат дохил мешаванд ва барои рушди иқтисоди онҳо бояд кӯмак кард.

Лозим ба ёдоварист, ки пештар Ассосиатсия байналмилалии рушд ба Тоҷикистон барои таҳкими низоми ҳимояи иҷтимоӣ ду миллион доллар ҷудо карда буд. Барномаи мазкур барои ду сол тарҳрези шуда, барои кумакҳои оилаҳои камбизоат ва маъюбон дар 28 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ равона шудааст.

Лентаи хабарҳо
0