Академик Раҳим Масовро дар "Лучоб" ба хок супориданд

© © Аъзамшох ШрговадиПохороны Академика Рахима Масова в Душанбе
Похороны Академика Рахима Масова в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Марқади донишмандро дар паҳлӯи қабри академик Шариф Худоӣ кандаанд

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Имрӯз соати 8:00 субҳ дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе маросими ҷанозаи Раҳим Масов хонда шуд, ки дар он мардуми зиёде иштирок карданд. Дар ин маросим муовинони раиси шаҳри Душанбе, ректорҳои донишгоҳҳои пойтахт ва вакилони Маҷлиси Тоҷикистон низ ширкат доштанд.

Президенти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ суханронӣ карда, аз хизматҳои бесобиқаи Раҳим Масов ёдоварӣ кард.

"Хизматҳои Раҳим Масов дар илми таърихнигории тоҷик бузург аст, ки  ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд шуд",- таъкид дошт ӯ.

© © Аъзамшох ШрговадиКнига Академика Рахима Масова
Книга Академика Рахима Масова - Sputnik Тоҷикистон
Книга Академика Рахима Масова

Баъдан раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ҷанозаи марҳумро хонд.
Раҳми Масовро дар оромгоҳи "Лучоб" дар паҳлӯи академик Худоӣ Шариф ба хок супориданд.

Маросими видоъ бо академик Масов, рӯзи 21 июн соати 15:00 дар манзили донишманд дар шаҳри Душанбе оғоз шуда буд.

Ёдрас мешавем, рӯзи 21 июн хабар дода шуд, ки таърихнигори машҳури тоҷик Раҳим Масовро бо сактаи мағзӣ ба шӯъбаи эҳёгарии яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе бистарӣ кардаанд. Ҳамон рӯз, баъди зуҳр риштаи умри академик канда шудааст.

Пештар раисҷумҳури Тоҷикистон даргузашти ин олими бузурги тоҷикро таслият гуфта буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала