Қодирӣ рафт, Аҳмадзода омад: раиси вилоят ба аъзогии Маҷлис пешбарӣ шуд

© Пресс-служба президента РТПредседатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси пешини вилояти Суғди Тоҷикистон бо ихтиёри худ аз узвияти Маҷлиси Олии кишвар даст кашида буд

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Вакилони халқи вилояти Суғд номзадии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба аъзогии Маҷлиси миллии Масҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ нумуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, 22 июн дар маҷлисгоҳи Ҳукумати вилояти Суғд иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум доир гардид, ки дар он номзадии раиси вилоят пешниҳод ва пешбарӣ гардид.

"Овоздиҳӣ пӯшида ва шаффоф доир гардида, вакилон номзадии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд, № 2 пешбарӣ намуданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем, чанде пеш хабар дода шуд, ки Абдураҳмон Қодирӣ, раиси пешини вилояти Суғд бо ихтиёри худ аз узвияти Маҷлиси Олии кишвар даст кашид.

Гуфта мешуд,рӯзи 22 июн дар шаҳри Хуҷанд понздаҳумин ҷаласаи маҷлиси намояндагони мардуми вилояти Суғд барпо мегардад ва дар он номзади вакили нави Маҷлиси Олӣ аз вилояти Суғд баррасӣ мешавад.
Пешбинӣ мегардид, ки Раҷаббой Аҳмадзода, устондори феълии Суғд вакили нави Маҷлиси Олӣ аз вилояти Суғд шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала