Таъкиди Раҳмон аз дӯстии тоҷикону узбакҳо дар Шаҳристон

© © Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумо ҳамеша дар хотир бояд дошта бошед, ки муносибатҳои дӯстонаи мо таърихи чандинасра доранд ва дар саргаҳи ин робитаҳо фарзандони фарзонаи халқҳои мо Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ қарор доранд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард. Дар рафти сафар раисҷумҳур дар ноҳияи Шаҳристон чанд иншооти навр, аз ҷумла бинои нави Қасри фарҳангро ба истифода дод ва дар назди ҳозирин суханронӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар рафти мулоқот ҳамчунин аз имкониятҳои гардишгарии ноҳияи Шаҳристон ёдовар шуда, гуфт, ин ноҳия бо Узбакистон ҳамсарҳад мебошад.

"Ноҳияи Шаҳристон бо кишвари ҳамсояву дӯсти мо — Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад, ки ин омил барои сокинони он имкониятҳои зиёд фароҳам меорад. Яъне бо истифода аз ин имконият шумо метавонед ҳарчи бештар ҳамкорӣ кунед ва робитаҳои дӯстиву тиҷоратиро бо бародарони ӯзбек густариш бахшед", — гуфт раисҷумҳур.

Раҳмон изҳори қаноатмандӣ кард, ки дар ин Шаҳристон узбакону тоҷикон низ дӯстона ба сар мебаранд.

"Воқеан, ноҳияи Шаҳристон аз ҷумлаи ноҳияҳое мебошад, ки дар он тоҷикону ӯзбекҳо дӯстонаву аҳлона зиндагӣ мекунанд", — таъкид дошт вай. 

Вай афзуд, "шумо ҳамеша дар хотир бояд дошта бошед, ки муносибатҳои дӯстонаи мо таърихи чандинасра доранд ва дар саргаҳи ин робитаҳо фарзандони фарзонаи халқҳои мо Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ қарор доранд".

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дӯстӣ ва сулҳи ҳар кишвар мояи обурӯяш дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

"Фаромӯш накунед, ки ҳар давлате, ки дар он сулҳу субот пойдор аст ва мардумаш дӯстона зиндагиву кор мекунанд, он давлат рушд меёбад ва нуфузу обрӯяш дар ҷаҳон баланд мегардад", — таъкид дошт кишвардор.

Ноҳияи Шаҳристон — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст. Маркази ин ноҳия шаҳраки Шаҳристон  аст ки 102 км ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз Шаҳристон то Душанбе 240 км роҳ аст.

Ноҳияи Шаҳристон бо сарзамине 1140 км² дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо шаҳри Истаравшан, дар шарқ — бо ноҳияи Деваштич, дар ҷануб — бо ноҳияи Айнӣ аз бахшҳои вилояти Суғд ҳамсоя ва дар ғарб бо ноҳияи Зомини вилояти Дизаки Узбакистон ҳаммарз аст.

Лентаи хабарҳо
0