Доим сулҳ мехостем: Эрон ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистонро шодбош гуфтааст

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкРукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бахшида ба солрӯзи Ваҳдати миллии тоҷикон баёнияе содир намудааст

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ бо интишори баёнияе ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистонро муборакбод гуфт, хабар медиҳад "Парс тудэй".

"Дар  солрӯзи рӯйдоди муҳим ва таърихии Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон моилам самимонатарин табрикоти худро ба Давлату миллати азизи Тоҷикистон ба хотири ин рӯйдоди сарнавиштсоз иброз намоям", — гуфтааст сафир.

Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дидори мақомҳои аршади эронӣ ва тоҷик дар ҳошияи конфронси Душанбе

Ба гуфтаи ӯ, "Эрон ба унвони кишваре, ки ҳеч гоҳ лаҳзае дар қиболи дӯстӣ ва бародарӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тардиду диранг нанамудааст".

"Эрон  ваҳдатро ба манзалаи калиди муваффақият на танҳо барои мардуми тоҷик, балки барои тамоми ҳампайвандон ва хешовандони минтақавӣ ва мусулмонони ҷаҳон медонад ва муътақид аст, ки зарурати ҳифзи ин ваҳдат дар сатҳҳои мухталиф, муқовимат бо таҳаррукоти душманон ва бегонагоне аст, ки бо мақсадҳои нопок ва ботили худ дар пайи тарвиҷи тафаккуроти такфирӣ ва ихтилофафканӣ миёни миллатҳои минтақа, бавижа форсзабонон ҳастанд", — афзудааст Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ.

Ёдрас мешавем, ҳамасола 27 июн  яке аз ҷашнҳои аслии давлатии Тоҷикистон — Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад.
Дар сартосари Тоҷикистон маросиму тадобир ба муносибати ин ҷашн барпо мешавад. Имсол ҷашни аслӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бо ҳузури  Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар баргузор гардид.

Эмомалӣ  Раҳмон тайи чанд рӯзи охир бо сафари корӣ дар ин устон буд, бо ширкати ӯ сохтмонҳои нав ба баҳрабардорӣ расад.

Соли 1997  дар Маскав тавофуқномаи умумӣ дар бораи сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида буд.

Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз ҷаншҳои расмии Тоҷикистон мебошад. Ин ҷашн бар мувофиқи Фармони раисҷумҳури ҶТ таъин шудааст ва рӯзи 22 майи соли 1998 дар Қонуни "Дар бораи рӯзҳои таҷлилӣ" сабт шудааст.

Лентаи хабарҳо
0