Пас аз гармиҳо: имрӯз дар Тоҷикистон борону раъду барқ пешбинӣ мешавад

© Sputnik / Владимир Сергеев / Гузариш ба медиабонкДождь, архивное фото
Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда гашта, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман тағйирёбандаи бебориш шуда, шабона +11+16 ва рӯзона +27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво софу беғубор гашта, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21 +23 ва рӯзона +38 + 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ қисман абрнок гардида, дар водиҳо ҳарорат шабона ба 17-19 ва рӯзона 36-38 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор  шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Шабона +17+19 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0