Даъвати Раҳимзода аз милисаҳои Бохтар: софдилона хидмат кунед

Обуна шудан
Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода аз рафти корҳои ободонию созандагӣ дар ШВКД шаҳри Бохтар дидан намуд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимозода бо собиқадорони милисаи шаҳри Бохтар мулоқот кард, хабар медиҳад Вазоратиу умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Рамазон Раҳимзода аз рафти корҳои ободонию созандагӣ дар ШВКД шаҳри Бохтар дидан намуда, бо кормандони милитсия ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилии шаҳри мазкур мулоқот намуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот вазири умури дохила аз кормандони милиса даъват кард, ки содиқонаву софдилона хидмат кунанд.

"Ба шахсони масъул супориш дод, ки пайваста ба собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳу ғамхорӣ зоҳир намуда, онҳоро ба осоишгоҳҳои табобатию фароғатӣ ҷалб намоянд", — таъкид мекунад манбаъ.

Рамазон Раҳимзода бо тарзи кори милисаҳои Тошканд ошно шуд - Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода бо тарзи кори милисаҳои Тошканд ошно шуд

Сипас, Раҳимзода аз Изолятори нигоҳдории муваққатии ШВКД дар шаҳри Бохтар, ки пурра таъмиру таҷдид гардидааст, боздид ба амал оварда, аз шароитҳои он шиносоӣ пайдо кард.

Мавриди қайд аст, ки дар Изолятори нигоҳдории муваққатӣ шахсони ба ҷиноят гумонбар нигоҳдорӣ шуда, сипас бо қарори суд ба дигар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гузаронида мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0