Дастури Раҳимзода ба милисаҳо: бо мардум, хусусан хориҷиён хушмуомила бошед, забон омӯзед

© Вазорати умури дохилаРамазон Раҳимзода дар мулоқот бо милисаҳои Хатлон
Рамазон Раҳимзода дар мулоқот бо милисаҳои Хатлон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури дохила ба милисаҳо таъкид кард, ки ки зимни фаъолияти хизматӣ бо шаҳрвандон, алалхусус шаҳрвандони хориҷӣ хушмуомила бошанд ва пайваста савияи дониши худро такмил дода, забонҳои хориҷиро азхуд намоянд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аз ШВКД дар нақлиёти вилояти Хатлон,, дидан намуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Шӯъбаи Вазорати умури дохила дар нақлиёти вилояти Хатлон  ки баъди таъмиру азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

"Зимни боздид аз қисми навбатдорӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва дигар шароитҳои хизматии ШВКД дар нақлиёти вилояти Хатлон Вазири корҳои дохилӣ аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамчунин, вазир дар саҳни ҳавлии Шуъбаи мазкур бо ҳайати шахсии ин ниҳод вохӯрӣ намуда, ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти хизматӣ ба онҳо як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод. 

"Зимни фаъолияти хизматӣ бо шаҳрвандон, алалхусус шаҳрвандони хориҷӣ хушмуомила бошанд ва пайваста савияи дониши худро такмил дода, забонҳои хориҷиро азхуд намоянд", — таъкид кардааст Раҳимзода.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки вазир бо собиқадорони милисаи шаҳри Бохтар мулоқот кард.

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Рамазон Раҳимзода аз рафти корҳои ободонию созандагӣ дар ШВКД шаҳри Бохтар дидан намуда, бо кормандони милитсия ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилии шаҳри мазкур мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот вазири умури дохила аз кормандони милиса даъват кард, ки содиқонаву софдилона хидмат кунанд.

Лентаи хабарҳо
0