Амрико дар 26 соли охир ба Тоҷикистон 2 миллиард доллар кумак кардааст

© Посольство США в Таджикистане Кевин Коверт временный поверенный в делах посольства США в Таджикистане
Кевин Коверт временный поверенный в делах посольства США в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Кордори сафорати Амрико Кевин Коверт зимни суханрониаш бахшида ба ҷашни истиқлолияти кишвараш таъкид кардааст, ки Амрико ба Тоҷикистон наздик ба 2 миллиард доллар кумак кардааст

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар давоми 26 соли охир Амрико барои Тоҷикистон наздик ба 2 миллиард доллар кумак кардааст, гуфтааст кордори сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Коверт зимни суханрониаш бахшида ба ҷашни истиқлолияти кишвараш, иттилоъ додааст вебгоҳи сафорати Амрико дар Тоҷикистон.

Инчунин ба гуфтаи Кевин Коверт дар тӯли 26 соли охир 500 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон, аз ҳашт Маркази Амрикоӣ дидан намудаанд.

Ба гуфтаи вай рақамҳои зикршуда тамоми ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрикоро фаро намегиранд ва фарохтар аз он мебошанд.

Лозим ба ёдоварист, ки сафири нави ИМА ҳоло таъйин нашудааст. Дар ҳоли ҳозир муовини сафир Кевин Коверт ҳамчун кордори сафорат пас аз рафтани сафир Элизабет Миллард таъйин шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала