Ҳавои гарми тоқатфарсо дар Тоҷикистон 4 рӯзи дигар боқӣ мемонад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкСтакан воды, архивное фото
Стакан воды, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавои баланд дар Тоҷикистон 4 рӯзи дигар идома меёбад. Дар ин бора Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боридани борон дар назар аст. Дар вилояти Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, ҳарорат рӯзона 43 дараҷа боқӣ мемонад. Ин гуна вазъи обу ҳаво дар кишвар то 14 июл идома хоҳад ёфт.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво камабри беғубор шуда, дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар аст. Шабона +12+17 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +38 + 43 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона 18+23 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе софу беғубор шуда, шабона 19+21 ва рӯзона +39+41 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0