Нигаронии Рустам Эмомалӣ аз талафоти ниҳолу дарахт дар Душанбе

Обуна шудан
Шаҳрдор супориш додааст, ки барои нигоҳубини дурусти ниҳолу дарахтон мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб карда шаванд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар нишасти вакилони халқи Душанбе аз аз талафоти ниҳолу дарахтон дар боғу гулгаштҳои пойтахт изҳори нигаронӣ кардааст.

Тавре дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, раиси шаҳр ба масъулин дастур додааст, ки барои парвариши нигаҳбонии дарахтон дар Душанбе мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб карда шаванд.

"Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи вакилони халқ ва масъулини чаҳор ноҳияи пойтахтро ба масъалаи ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва ба роҳ мондани нигоҳубини дурусти ниҳолу дарахтон, сари вақт анҷом додани нақшаи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ҷалб намуд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Тавре дафтари матбуотӣ меафзояд, Рустам Эмомалӣ ҳамчунин ҷиҳати анҷоми корҳои ободонию кабудизоркунӣ, назорати талаботу меъёрҳои бехатарӣ дар боғҳо ва ҷойҳои оммавӣ, истифодаи дастгоҳу лавозимоти замонавӣ барои дилхушии кӯдакон ва аз истифода гирифтани атраксионҳои фарсуда дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Ёдрас мешавем, имрӯз, 11 июл дар Душанбе иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи Душанбе, даъвати панҷум баргузор шуд.
Дар кори маҷлис раиси шаҳр, муовинони раис, масъулини Ҳукумат ва роҳбарони муассисаву сохтор ва корхонаҳои шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Чанде аз муовинони раиси шаҳр дар назди масъулин ва раиси шаҳр ҳисобот доданд.

Дар рӯзномаи маҷлис масоили фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр, истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, соҳаи фарҳанг ва кабудизоркунии пойтахт баррасӣ гардид.

Лентаи хабарҳо
0