Паёми алмосии Оқохони IV: Аз вазифаи имом то баракати иртибот ва беҳтарин садақа...

© Foto / Aga Khan Development NetworkПринц Карим Ага-хан IV, архивное фото
Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оқохони IV таъкид кардааст, ки рисолату салоҳияти имом аз масоили дунявӣ дида, бештар ба масоили руҳоният рабт мегирад ва дар Ислом масоили дунявию руҳонӣ пайванди ҳаманд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Исмоилиёни ҷаҳон имрӯз, 11-уми июл ҷамъбасти ҷашни алмосӣ, ё 60-солагии ба тахти имомат нишастани Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, чиҳилу нӯҳумин пешвои руҳонии худро ҷашн мегиранд. Ҷамоати мусулмонони шиаи исмоилии Тоҷикистон, ки беш аз 200 ҳазор касро дар бар мегирад, ин рӯзро бо барномаҳои фарҳангӣ маърифатӣ, ободкорӣ ва аёдати ниёзмандон таҷлил мекунанд.

Тибқи иттилои Бунёди Оқохон ҷашни алмосӣ, ки аз 11-уми июли соли гузашта оғоз гардида буд, дар шаҳри  Лисабон бо иштироки имоми замони исмоилиён ва даҳҳо ҳазор муридаш ҷамъбаст хоҳад шуд.  

Дар доираи маросими ҷамъбастии ҷашни алмосӣ,  Оқохони IV, 10-уми июл бо ироаи паём ба парлумони  Португалия аз гузашта, ҳозира ва ояндаи ҷамоати исмоилиён ва ҷаҳон суҳбат кард.

Шоҳзода Оқохони IV ва тарҳҳои Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ ва тарҳҳои Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар Тоҷикистон

Оқохони IV Португалияро беҳтарин ҷой барои ҷамъбасти ҷашни алмосӣ хонда, иттилоъ додааст, ки барои таҷлили 60-солагии имоматаш беш аз 40 ҳазор исмоилӣ дар ин кишвар ҷамъ омадаанд.

Ӯ гуфт, тайи сафарҳои охираш ба нуқоти гуногуни ҷаҳон мушоҳида кардааст, ки бисёре аз кишварҳо дар ҳоли табдил шудан ба “кишвари имкониятҳо” мебошанд ва Португалия аз ҷумлаи онҳост.

Ба бовари Имом табдил ёфтан ба кишвари имкониятҳо осон нест ва барои он давлату мардум бояд пайваста талошу кор кунанд. Кишвари имкониятҳо ба гуфтаи Оқохони IV доштани шароити эҳтиром ба арзишҳои гуногун аст. Инчунин кишвари имкониятҳо дорои сохтори расмиест, ки фазои пешгӯишаванда ва эътимодро муҳайё карда, барои пешрафти созандаю эҷодкорона мусоидат мекунад.

Оқохони IV тасмими мақар гирифтани Имомати исмоилиёнро дар шаҳри Лисабон зикр карда, изҳор доштааст, ки ин шаҳр як нуқтаи пайванд миёни ҷамоати исмоилиёни ҷаҳон хоҳад шуд.

Ба иттилои ӯ имрӯз исмоилиён дар беш аз 25 кишвари дунё, аксаран дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ иқомат доранд, аммо шумораашон дар Аврупо ва Амрикои шимолӣ низ майли афзоиш дорад.  

Оқохони IV иттилоъ додааст, ки Имомати исмоилиён ин ниҳоди байналмилалиест, ки таърихи 15 асрӣ дорад.

Ҷашнвораи ҳунарии Ҷашни алмосии имомати Оқохони IV - Sputnik Тоҷикистон
Гузориши аксӣ аз Ҷашнвораи ҳунарии "Ҷашни алмосии имомати Оқохони IV"

Тибқи изҳороташ тайи асрҳо имомони исмоилӣ дар маконҳои гуногун аз Шарқи Миёна то Осиёи Ҷанубӣ ва Африқои Шимолӣ ҷой гирифтаанд. Ӯ зикр кардааст, ки аҷдодонаш шаҳри Қоҳираро бунёд гузоштанд ва имомат дар асри 10 ба ин шаҳр кӯчида буд.  

Оқохони IV таъкид кардааст, ки рисолату салоҳияти имом аз масоили дунявӣ дида, бештар ба масоили руҳонӣ рабт мегирад.  Дар баробари ин дар Ислом дунёи моддию руҳонӣ ба ҳам пайванданд ва ин маънои онро дорад, ки имоми замон ҳамчунин масъули беҳбуди зиндагии исмоилиён ва ҷамъиятҳое мебошад, ки исмоилиён дар он зиндагӣ мекунанд. Ӯ таъкид намудааст, ки маҳз ба ҳамин хотир тайи 60 соли имоматаш баробари масоили руҳоният ба фаъолияти Шабакаи рушди Оқохон таваҷҷуҳи зиёд кардааст.

Роҳбари руҳонии исмоилиён аз рушди технологияю нақлиёт дар ҷаҳони муосир зикр карда, афзудааст, ки ин раванд ҷаҳонро ба ҳам беш аз ҳарвақта наздик намудааст. Ба гуфтаи ӯ ин наздикшавӣ боиси шубҳа, тарс ва сардаргумии бархе шудааст.  Имоми исмоилиён таъкид намудааст, ки баъзан гуногунӣ ҳамчун хатару таҳдид баррасӣ мешавад, дар ҳоле ки гуногунӣ ин имконият барои шинохти беҳтари худу дигарон мебошад.

Роҳбари исмоилиён таъкид намудааст, ки иртиботи наздики одамон дар ҷаҳони муосир имконияти хуб барои ҳамкории созанда, кашфиёт ва рушд мебошад. Ба ақидаи Оқохони IV, вақте ҳамкориҳои созанда сурат мегиранду иртибот бо афроди гуногун роҳандозӣ мешавад, гуногунию фарқиятҳои мардум на ҳамчун зуҳуроти бад, балки баракату неъмат ҷилвагар хоҳанд шуд.

Қаблан низ Оқохони IV мухолифаташ алайҳи бовар дар бораи бархурди тамаддунҳоро баён дошта, таъкид намуд, ки тайи солҳои имоматаш ҳамеша талош доштааст, мардум ва тамаддунҳои гуногун ба ҳам аз дидгоҳи ихтилоф назар накунанд. Ӯ аҳамияти таҳсилро таъкид намуда, афзуда буд, ки илму маориф бояд дар меҳвари ҳаёти инфиродӣ ва ҷамъиятӣ бошанд.

Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳзода Карим Оқохон яке аз пурнуфузтарин шахсиятҳои ҷаҳони ислом шинохта шуд

Имоми исмоилиён, ки яке аз эҳсонкорони бузург дар ҷаҳони муосир хонда мешавад, таъкид кардааст, ки садақа дар Ислом бисёр муҳим аст, аммо беҳтарин роҳи хайр ин тавонмандсозии ниёзмандон аст, то қодир шаванд мустақилона шароити зиндагияшонро беҳбуд бахшанду тасмим бигиранд.  

"Ҷашни Алмосӣ" барномаи бузургдошти шастумин солгарди имомати Волоҳазрат Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV аст, ки аз 11-уми июли соли 2017 оғоз гардида, як сол идома дошт ва феълан ба марҳилаи ҷамъбастӣ расидааст.

Аълоҳазрат Шоҳ Карим донишомӯхтаи донишкадаи торихи исломи Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари "Шабакаи тавсеъаи Оқохон" (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони Севум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.

Лентаи хабарҳо
0