Ҳушдори Академияи назди Президенти Русия аз хатари камшавии муҳоҷирон

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкТрудовые мигранты, архивное фото
Трудовые мигранты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пажуҳишгарони ду ниҳоди бонуфузи илмии Русия аз пайомадҳои манфии камшавии муҳоҷирон дар ин кишвар ҳушдор додаанд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Русия ва Пажуҳишгоҳи Гайдар бо пешниҳоди гузориши муштарак изҳор доштаанд, ки барои бори якум тайи 10 соли охир теъдоди сокинони Русия метавонад коҳиш ёбад.

Тибқи гузориши ин ду ниҳод, ки дар пайи таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии Русия ироа шудааст, камшавии аҳолии Русия пайомади камшавии теъдоди муҳоҷирон хоҳад буд.

“Камшавии аҳолии Русия аллакай соли 2018-ум оғоз мегардад. Афзоиши муҳоҷирон дар Русия заиф шудааст ва наметавонад камшавии аҳолиро ҷуброн кунад”, - омадааст дар гузориши пажуҳишгарон.

Бар асоси пажуҳиш сабаби камшавии зоиш, ин ба синни таваллуд расидани насли камшумори солҳои 1990 мебошад.   

“Шумораи таваллуд тайи январ-майи соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,1 дарсад коҳиш ёфтааст. Ягона роҳи ҷилавгирӣ аз коҳиши сокинони Русия ин муҳоҷират мебошад, аммо афзоиши муҳоҷирон низ тайи январ – апрели соли равон заиф шудааст. Коҳиши муҳоҷирон аз Украина ва раванди заифи барқароршавии муҳоҷирати оммавӣ аз Осиёи Марказӣ боиси ин ҳолат гардидааст”, - таъкид намудаанд пажуҳишгарони ду ниҳоди бонуфузи Русия.  

Бар асоси манбаъ Тоҷикистон аз рӯи афзоиши теъдоди муҳоҷирон тайи январ-апрел пешсаф шуда, шумораи муҳоҷирон аз ин кишвар 12,1 ҳазор нафар зиёд шудаанд.  Пажуҳишгарон мегӯянд, Тоҷикистону Озарбойҷон ду кишваре мебошанд, ки теъдоди муҳоҷиронашон дар Русия мунтазам барқарор шуда истодааст.  

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки афзоиши шумораи муҳоҷироне, ки барои муҳлати тӯлонӣ вориди Русия мешаванд, заиф шудааст. Ин рақам соли 2017 ҳамагӣ 212 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки пасттарин нишондод тайи 6 соли охир мебошад.

Лентаи хабарҳо
0