Иштироки Путин ва 14 роҳбари давлатҳои хориҷӣ дар бозии ниҳоии ҶҶ-2018

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин с мячом после встречи в Кремле с президентом ФИФА Джанни Инфантино, архивное фото
Президент РФ Владимир Путин с мячом после встречи в Кремле с президентом ФИФА Джанни Инфантино, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар ифтитоҳи бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон-2018 иштирок кард, ба бозии ниҳоӣ намеравад

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар бозии ниҳоӣ миёни тими Хорватия ва Фаронса, ки шоми имрӯз, 15-уми июл дар варзишгоҳи “Лужники” баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кремл, маросими ҷоизасупорӣ ба барандаи Ҷоми Ҷаҳон -2018 низ бо иштироки Путин сурат мегирад. Қабл аз бозии ниҳоӣ мулоқоти раисиҷумҳури Русия бо роҳбарони Фаронса, Хорватия, Маҷористон ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар назар аст.

Выступление президента России на церемония открытия ЧМ по футболу - Sputnik Тоҷикистон
Маросими ифтитоҳи Ҷоми футболи ҷаҳон дар Маскав

Дар маҷмуъ иштироки 14 роҳбари кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Арманистон, Белорусия, Габон, Судон, Фаронса, Хорватия, Абхазистон, Осетияи ҷанубӣ, Қатар, Қирғизистон, Маҷористон, Молдова ва роҳбари Фаластин дар бозии ниҳоии ҶҶ-2018 дар назар аст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамтоёнаш аз Қазоқистон, Узбекистон, Белорусия, Озарбойҷон дар ифтитоҳи мусобиқоти ҶҶ-2018 иштирок карда буд.

Лентаи хабарҳо
0