Р.Эмомалӣ дар бозии ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон-2018 иштирок кард

© Сайт мэрия ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ ба маросими пӯшидашавии ҶҶ–2018 аз ҷониби Ҷаннӣ Инфантино, президенти ФИФА даъват шуд

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ ва маросими пӯшидашавии Ҷоми Ҷаҳон -2018 иштирок намуд.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон,  Рустами Эмомалӣ ба маросими пӯшидашавии ҶҶ–2018 аз ҷониби Ҷаннӣ Инфантино, президенти ФИФА даъват шуд.

Иван Ракитич радуется над победой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Назарпурсӣ: 60% дар Тоҷикистон барои Хорватия овоз доданд

Дар бозии ниҳоӣ, ки шоми 15-уми июл дар майдони “Лужникӣ”-и Маскав баргузор шуд, Фаронса бо ҳисоби 4 бар 2 Хорватияро шикаст дод.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аз рафти баргузории ҶҶ -2018, ки аз 14 июн то 15 июл дар 11 шаҳри ин кишвар доир гардид, изҳори қаноатмандӣ таъкид карда, афзудааст, ки аз сатҳи баргузории он ифтихор дорад.

Лентаи хабарҳо
0