Додугирифти Суғд бо 53 кишвар: Содирот афзоиш ёфтаст

Обуна шудан
Вилояти Суғд ба хориҷ аз кишвар ба маблағи 281,4 млн. доллар маҳсулот содир кардааст

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 1004,9 млн. доллари расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 дар сад ё 52,5 млн. доллар зиёд аст. Дар ин бора иттилоъ додааст дафтаи матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи кишварҳои ҳамсуд 77,7 дар сад фоиз ё 781,2 млн. доллар ва ба ҳиссаи кишварҳои хориҷи 22,3 дар сад ё 223,7 млн. доллар рост меояд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар ин давра аз вилояти Суғд ба маблағи 281,4 млн. доллар маҳсулот содирот шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 22 дар сад ё 50,7 млн. доллар зиёд мебошад.

Дар ҳамин ҳол манбаъ иттилоъ додааст, ки воридоти мол ба вилоят 723,5 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли қаблӣ 0,2 фоиз ё 1,8 млн. доллар зиёд мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки вилояти Суғд бо 53 кишвари ҷаҳон муносибатҳои тиҷоратӣдорад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0