"Сирри тафтишот": Додситонии кул дар бораи парвандаи Диловар Гулов

© SputnikРахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи Диловар Гулов аз сӯи додситонии шаҳри Душанбе таҳқиқ мешавад

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон ҷузъиёти парвандаи Диловар Гулов, писари Шералӣ Гул, собиқ вазири энергетика ва саноати кишварро шарҳ надод.

Юуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 17-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, парвандаи Гулов дар ихтиёри додситонии пойтахт қарор дорад. Қаблан ин парванда аз сӯи додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳқиқ мешуд. 

Масъулини Додситонии кул ба далели халал нарасондан ба раванди тафтишот аз шарҳи тафсилот худдорӣ карда, изҳор доштанд, ки ҷузъиёти он баъди анҷоми тафтишот ироаи омма мегардад.

Диловар Гулов озод шуд

Қаблан Диловар Гулов, писари Шералӣ Гул, собиқ вазири энергетика бо иттиҳоми  латукӯби Дилшод Нарзуллозода, як корманди пулис боздошт гардид, вале баъд аз ду рӯзи бозпурсӣ озод шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории ТоҷикТА, Диловар Гулов 11 июл баъд аз зуҳр ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист ба озодӣ баромадааст.

Тибқи иттилои дарёфтӣ боздошти писари собиқ вазири энергетика, шоми 8-уми июл дар яке аз хиёбонҳои марказии Душанбе сурат гирифт. Писари Шералӣ Гул бо афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола вориди муноқишаи лафзӣ шуда ва ӯро латукӯб кардааст. Ҷанҷол миёни Гулов ва Нарзуллозода бар сари рондани мошин сар задааст.

Лентаи хабарҳо
0