Аз хатари Афғонистон то наздикӣ ба мардум: Дастури Раҳимзода ба милисаҳои тоҷик

© Дафтари матбуотии ВУД ҶТВазири умури дохилаи ҶТ Рамазон Раҳимзода
Вазири умури дохилаи ҶТ Рамазон Раҳимзода - Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода ба нозирони минтақавӣ дастур додааст, ки ҳамкориро бо аҳолӣ тақвият бахшида, бо мардум дар робитаи зич қарор дошта бошанд

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Генерал-полковник Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон 16 июл натиҷаи фаъолияти милисаҳои тоҷикро дар 6 моҳи соли 2018 ҷамъбаст намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУД, Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ, дар бораи вазъи сиёсӣ ва ҷамъиятии Афғонистон гузориш дода, таъкид намудааст, ки бояд ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз худ масъулияти баланд зоҳир намуда, дастаҷамъона, қотеъона ва содиқона бар зидди ҷинояткорӣ мубориза бурда, манфиатҳои миллиро ҳифз намояд.

Мулоқоти милисаҳои вилояти Суғд бо наздикони ҷангиён - Sputnik Тоҷикистон
Милисаҳо дар Суғд аз наздикони ҷангиён хостанд, ки онҳоро ба Ватан даъват кунанд

Рамазон Раҳимзода ба нозирони минтақавӣ дастур додааст, ки ҳамкориро бо аҳолӣ тақвият бахшида, бо мардум дар робитаи зич қарор дошта бошанд.

“Бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, алалхусус бо шаҳрвандони хориҷӣ ва сайёҳон хушмуомила бошанд ва пайваста сатҳи донишу малакаи худро баланд бардошта, ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ машғул шаванд”, - таъкид кардааст вазир.

Раҳимзода инчунин дастур додааст, ки мақомоти корҳои дохилӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ошкор намудани ҷиноятҳои солҳои пешин, дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарор дошта, тартибу низом дар роҳҳои автомобилгард ва  пешгирии муноқишаҳои гурӯҳӣ байни ҷавонону ноболиғонро таҳким бахшанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала