Минбаъд Русия ба мутахассисони хориҷӣ дар як сол шаҳрвандӣ медиҳад

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкПаспотр РФ, архивное фото
Паспотр РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ВУД ФР тарҳи қонунеро омода кард, ки мувофиқи он мутахассисони моҳири хориҷӣ пас аз як соли кор дар Русия метавонанд шаҳрвандӣ ба даст оранд

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. ВУД Русия пешниҳод мекунад, ки тартиби гирифтани шаҳврандӣ барои хориҷиёни соҳибихтисос осон шавад.

Тавре муовини аввали вазири умури дохилаи Русия Александр Горовой хабар дод, пештар мутахассисон метавонистанд пас аз се соли фаъолият дар кишвар шаҳрвандӣ ба даст оранд, қонуни нав ин мӯҳлатро то 1 сол кам хоҳад кард.

Ба гуфтаи вай, тибқи тартиботи пештара танҳо 24 афроди хориҷӣ тавонистанд шаҳрвандӣ ба даст оранд. Горовой афзуд, ки тарҳи қонуни нав омода аст. 

Бори аввал дар бораи зарурати ин тағйиротҳо раисҷумҳур Путин дар рафти "Пахши мустақим" 7 июн таъкид кард. Президент дар посух ба суол дар бораи шаҳрвандии Русия гуфт, ки кишвар бояд ин равандро сода кунад.

Константин Затулин - Sputnik Тоҷикистон
Затулин: гирифтани шаҳрвандӣ барои сокинони кишварҳои ИДМ осон мешавад

Пештар, вакили Маҷлиси Русия Константин Затулин пешниҳод кард, ки дар Русия тартиби гирифтани шаҳрвандӣ осон шавад.

Ба гуфтаи Затулин, бо ин роҳ Руссия даҳҳо миллион ҳаммеҳанонашро ба ватан бар мегардонад.

Вай пешниҳод кард, ки шаҳрвандони хориҷӣ тавонанд бе маҳрум шудан аз шаҳрвандии кишвари худ, дар Русия иҷозатномаи иқоматии доимӣ ба даст оранд. 

"Гап дар бораи даҳҳо миллион нафар меравад. Агар онҳо шаҳрванди Русия шаванд, ба кишвар зараре мерасад?", — изҳори нигаронӣ кардааст вай.

Ба гуфтаи вакил, дар ҳоли сода кардани тартиби гирифтани шаҳрвандӣ, хориҷиёни бештаре ҷалб мешаванд. Зеро бештари нафаронеро, ки соҳиби шаҳрвандии Русия шудан мехоҳанд, коғазбозии зиёд метарсонад.

Затулин афзуд, ин масъаларо дар дидор бо роҳбари раёсати давлативу ҳуқуқии раисҷумҳур Лариса Бричева рӯзи 21 июн баррасӣ хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0