Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Шикояти сокини Бобоҷон Ғафуров: як марди хуҷандӣ 43 ҳазору 178 долларамро намедиҳад

Ба гуфтаи сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, пулҳои зиёдро аз вай ба баҳонаи рушди тиҷорат гирифта, 4 сол мешавад, ки бар намегардонанд

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Як сокини 37-солаи шаҳри Хуҷанд ба мардумфиребӣ муттаҳам мешавад, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ба Шӯъбаи Вазорати умури дохила дар шаҳри Хуҷанд марди 31-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз як марди 37-солаи хуҷандӣ шикоят бурдааст.
"Аввалҳои соли 2014 марди 37-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо роҳи фиреб ба бовариам даромада, барои пеш бурдани фаъолияти соҳибкориаш аз ман 43 ҳазору 178-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст", — арз кардааст шикояткунанда.
ВУД ному насаби шикояткунанда ва муттаҳамро ошкор намекунад.

Ниҳод гуфтааст, кормандони вазорат аз рӯйи ин қазия тафтишот мебаранд.

Бо ҳамин мазмун ба ШВУД дар шаҳри Турсунзода аризаи марди 48-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки моҳи апрели соли 2018, зани 65-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар маҳаллаи 9-уми шаҳри мазкурро ба маблағи 198000-сомонӣ фурӯхта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала