"Барқи тоҷик" хостори болобарии нархи барқ шуд

© Sputnik Амир ИсаевЗдание энергохолдинга "Барки точик", архивное фото
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати "Барқи тоҷик" хостори боло бурдани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон шудааст

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Ширкати "Барқи тоҷик" хостори боло бурдани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон шудааст.

Дар ин бора имрӯз, 18-уми июл зимни нишасти матбуотии Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Назар Одиназода, муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ, гуфт, "Барқи тоҷик" пешниҳод намудааст, арзиши барқ дар кишвар 15 дарсад боло бурда шавад. Ӯ афзуд, ки  асоснокии ин пешниҳодро мавриди омӯзиш қарор додаанд ва хулосаашонро ба ҳукумат пешниҳод намудаанд. Ба гуфтаи Одиназода феълан масъалаи мазкур дар баррасии ҳукумат мебошад.

Ин дар ҳолест, ки бори охир нархи барқ дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта ба андозаи 15 дарсад боло рафта буд ва феълан мардум дар кишвар барои як киловат 16,8 дирам пардохт мекунанд. Дар сурати қабули пешниҳоди нави "Барқи тоҷик" нархи барқ барои аҳолӣ 19,3 дирамро ташкил хоҳад дод.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала