Вазири маориф ба раиси Иттифоқи рӯзноманигорон нишони фахрӣ дод

© © Пресс-служба министерства образования РТВручения медали отличнику сферы образования Исмоилзода Зинатулло
Вручения медали отличнику сферы образования Исмоилзода Зинатулло - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Зиннатуллоҳ Исмоилзода, бо нишони «Аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Зиннатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон барои ҳамкории густурда бо аҳли маориф бо нишони «Аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гаштааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф, нишони мазкур ба Исмоилзода аз ҷониби Нуриддин Саид, вазири маориф супорида шуд.

Нуриддин Саид иброз доштааст, ки вазорат бо васоити ахбори омма ҳамкории пурсамару ҳамешагӣ дошта, ҳамасола зумрае аз журналистон барои ҳамкорӣ ва инъикоси фаъолияти паҳлуҳои гуногуни соҳаи маориф бо ифтихорнома ва нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» қадрдонӣ мешаванд.

"Мо қаноатманд ҳастем, ки ВАО ҳамеша ба соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир мекунад ва барои бартараф намудани камбудиҳову норасоиҳо ба кормандони соҳа кумаки амалӣ мерасонад. Дар воқеъ, имрӯз ВАО дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва махсусан, соҳаи маориф ҳиссаи сазовор мегузорад", — таъкид кардааст вазири маорифи Тоҷикистон.

"Аълочии маорифи Тоҷикистон" — нишони сарисинагӣ, ки бо он кормандони беҳтарини соҳа қадрдонӣ карда мешаванд.

Кормандони соҳаҳои дигар, ки дар кори соҳаи маорифи хидмати шоиста кардаанд, бо тавсияи вазоратҳо ва муассисаҳои дахлдор низ бо ин нишон сарфароз мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0