Таҳсил бо узбакӣ дар 503 мактаби Тоҷикистон ва ташкили гуруҳи махсуси Вазорати маориф

© Sputnik / Амир ИсаевТотальный диктант в Душанбе
Тотальный диктант в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати маорифи Тоҷикистон барои беҳбуди таълим бо забони ӯзбакӣ дар кишвар гуруҳи махсус ташкил кардааст

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, гуруҳи мазкур асосан ба таҳия ва дастрас намудани китобҳои дарсӣ бо забони узбакӣ машғул мешавад.

Премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов (слева) и премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Созиши сарвазирон: Президент тоҷирони тоҷикро ба Тошканд мебарад

Ба иттилои Мирбобоев феълан дар кишвар 77 муассисаи таълимӣ комилан бо забони узбакӣ фаъолият мекунанд. Ӯ афзуд, ки инчунин дар 426 муассисаи дигар, таҳсили талабаҳо бо ду забон-тоҷикӣ ва узбакӣ роҳандозӣ шудааст.

Дар мавриди созиши раисиҷумҳурони Тоҷикистону Узбакистон барои бунёди макотиб дар қаламрави ҳамдигар масъулини Вазорати маориф изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар Самарқанд мактаб ва дар Фарғона кӯдакистон бунёд хоҳад кард. Ҷониби Узбакистон дар ноҳияи Спитамен мактаб ва дар Қубодиён бунгоҳи тиббӣ хоҳад сохт.

Лентаи хабарҳо
0