Ҳодисаи кордкашии ду ҷавон дар маҳаллаи Қазоқон ошкор шуд

© ВУД ҶТҚозияи кордкашӣ дар шаҳри Душанбе ошкор шуд
Қозияи кордкашӣ дар шаҳри Душанбе ошкор шуд - Sputnik Тоҷикистон
Баи иттилои ВУД, ду сокини шаҳрди Душанбе ба авбошӣ муттаҳам мешаванд. Ҳарду дар маҳаллаи Қазоқони Душанбе ба ҳамдигар бо корд ҳамла намудаанд

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Душанбе ду ҷавонро ба иттиҳоми авбошӣ дастгир кардааст. Ҷавонон дар ҷанҷоли байни ҳамдигар аз корд истифода кардаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, Алиҷон Алибекови 18-сола ва Рустам Абдуқаҳҳорови 19-сола ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби кормандони милисаи ноҳияи Синои пойтахт дастгир шуданд.

"Онҳо дар содир намудани авбошӣ муттаҳам шуда, бо корд ҳамдигарро захмӣ кардаанд", — тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Ҳуҷуми зани 28-сола бо шиша ва корд ба марди рус дар Душанбе

Дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ муайян гардид, номбурдагон санаи 5-уми июли соли ҷорӣ дар маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе байни ҳамдигар муноқиша нумудаанд.

"Ин ду нафар муддати 10-15-дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, оқибат даст ба гиребон шуданд. Дар натиҷа ҳарду бо кордҳои мусаллаҳгашта якдигарро захмӣ намудаанд", — менависад манбаъ.

Айни замон нисбати гумонбарон бо моддаи 237 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Мутаассифона, ин қазия аввалин ҳодисаи кордкашӣ дар шаҳри Душанбе нест.

Чунончӣ пештар, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи задухӯрди гурӯҳии ҷавонони Душанберо дар маҳаллаи 102-уми ноҳияи Синои пойтахт тавзеҳ дод.

Охирҳои моҳи май хабар дода шуд, ки дар маҳаллаи 102 ду гурӯҳ ҷавонон ба ҳам ҷанҷол карданд, ки дар пайи он як тан аз онҳо аз корд ҷароҳат бардоштааст.

Ба иттилои манбаъ, дар пайи баргузории амалиёти бозҷӯӣ муттаҳамон дастгир гардида, ҷузъиёти қазия муайян карда шуд.

"Ҳамин тавр, ба иттиҳоми авбошӣ  Кишвар Ғоибови 18-сола, Эраҷ Аюбови 21-сола, Дамир Ахмедови 21-сола ва Фирдавс Шарипови 21-сола дастгир шудаанд",- гуфта мешавад дар иттилои ВУХ ҶТ.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала