Сатторов дар оғози “Роҳ сӯи Париж”: намоиши муд дар Париж орзуи ман аст (НАВОР)

Хуршед Сатторов, тарроҳи тоҷик, шоми 21-уми июл дар толори сафорати Фаронса дар Душанбе намоиши либос зери унвони “Роҳ ба сӯи Париж” – ро баргузор намуд

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Тавре Шамсулло Фозилов, рӯзноманигори тоҷик аз рафти намоиш дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод, ин чорабинӣ бо ташаббуси сафири Фаронса дар Тоҷикистон, хонум Ясмин Гуедар бо ҳузури доираи васеи меҳмонони хориҷӣ, ҳаводорони муди тоҷику аврупоӣ сурат гирифт.

Таджикский модельер Хуршед Сатторов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хуршед Сатторов пироҳанҳои навашро дар Бухоро намоиш медиҳад

Ба гузориши Фозилов дар оғози намоиш сафири Фаронса дар хитоб ба ҳозирин изҳор доштааст, ки  эшонро “сюрприз”-и олиҷаноб интизор аст.

 "Хуршед Сатторов ҳамчун тарроҳи чирадасту дорои ҳунари воло аллакай маъруф аст. Чанде пеш бо ман суҳбат намуд ва гуфт, ки бо назардошти мухлиси асили муд буданам ва ба муносибати 20 — солагии собиқаи кориам, мехоҳад дар сафорат намоиши 20 тарҳи либосҳои миллии тоҷикӣ бо тарҳу услуби наву аврупоӣ ва маҷмӯи либосҳои солҳои 60-уми мардуми Фаронсаро ба намоиш гузорад. Инак, хоҳиши Хуршед пазируфта шуд ва ҳунари волои ӯ пешкаши ҳаводорон карда мешавад", — изҳор доштааст сафир дар оғози чорабинӣ.

Хуршед Сатторов ҳам дар навбати худ изҳор доштааст, ки роҳ ба сӯи Париж орзуи ӯст ва мехоҳад муди тоҷикро дар ин маркази муди ҷаҳон ба оламиён муаррифӣ намояд.

“Новобаста ба он ки таҳия кардани либосҳои солҳои 60-уми Фаронса бароям каме душворӣ ҳам дошт, вале маҳз хонум Ясмин Гуедар барои расидан ба ин ҳадаф таҳрикам дод”, — изҳор доштаст Сатторов ва қазовати натиҷаи корашро ба тамошобинон вогузор намудааст.

 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала