Ҳасан Рӯҳонӣ ба Узбакистон меравад

Моҳи августи соли ҷорӣ раисҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ба Узбакистон сафари расмӣ анҷом медиҳад

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Узбакистон сафар мекунад, иттилоъ медиҳад хабаргузории Mehr.

Қарор аст, раисҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар моҳи августи соли ҷорӣ ба Тошканд равад.

Ба иттилои манбаъ, Ҳасани Руҳонӣ зимни сафараш ба Узбакистон бо раисҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев дидор ва мулоқот анҷом диҳад. Инчунин мулоқоти ӯ ба роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои Узбакистон дар назар аст.

Ба гуфтаи манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус равобити иқтисодиии Эрону Узбакистонро баррасӣ хоҳанд кард.

Лозим ба ёдоварист, ки моҳи апрели соли ҷорӣ, 12-умин ҷаласаи муштараки комисиюни иқтисодии Эрону Узбакистон баргузор шуда буд. Тарафҳо шаклҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, тиҷорат, тибб, ҷаҳонгардӣ, варзиш, саноат ва ғайраро баррасӣ намуданд.

Эрон ба Узбакистон маҳсулоти нафтӣ ва ғизоӣ, аз ҷумла чой ва писта содир мекунад. 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала