Дар Суғд пизишкон барои як роҳхат бештар аз 1000 доллар ришва гирифтанд

© REUTERS \ Samrang PringНаручники
Наручники - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Карим Каримов баъди гирифтани 500 доллар ва 3700 сомонӣ писари шаҳрванд "А"-ро аз комиссияи тиббии комиссарияти ҳарбӣ гузаронида, барои аз муоинаи тибби гузаштан ба Маркази клиникавии дермотологии вилояти Суғд роҳхат навиштааст

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik.  Ду пизишк дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба иттиҳоми даст доштан дар ришваситонӣ боздошт шудаанд. Дар ин бора Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Муовини сардухтури беморхонаи Марказии ноҳияи Ҷаббор Расулови Абдуғафур Темиров ва аъзои комиссияи тиббии комиссарияти ҳарбии ҳамин ноҳия  Карим Каримов  барои ноқобил ба хизмати ҳарбӣ эътироф намудани писари шаҳрванд "А" 1150 доллар пора  талаб намудаанд", — менависад манбаъ.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, Абдуғафур Темиров дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Карим Каримов аз  шаҳрванд "А" 1000 доллар пора гирифта, 150 доллари дигар талаб намудаанд.

"Карим Каримов баъди гирифтани 500 доллар ва 3700 сомонӣ писари шаҳрванд "А"-ро аз комиссияи тиббии комиссарияти ҳарбӣ гузаронида, барои ташхиси тиббӣ  ба Маркази клиникавии дермотологии вилояти Суғд роҳхат навиштааст", — гуфта мешавад дар иттилоия.

Взятка медику, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пул бидеҳу сарбозӣ нарав: боздошти пизишк ба иттиҳоми ришваситонӣ дар Ҳисор

Баъдан Абдуғафор Темиров 1350 сомонии дигарро, ки пештар талаб карда буд, мегирад. Дар ҳамин ҳол кормандони Ожонми мубориза бо фасод пизишконро бо далели шайъӣ дастгир мекунанд.

Нисбати ҳолати зикршуда нисбати Темиров Абдуғафор Бобоҷонович ва Каримов Карим Азимович, бо моддаҳои 36 қисми 4 ва 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0