Чин бурсияҳои таҳсил барои тоҷиконро бештар кард

© Пресс-служба министерства образования РТВстреча Давлатзода Сайфиддин, заместителя министра образования Таджикистана с Петер Ванг Шенганг, представителем Китая
Встреча Давлатзода Сайфиддин, заместителя министра образования Таджикистана с Петер Ванг Шенганг, представителем Китая - Sputnik Тоҷикистон
Чин дар соли таҳсили 2018-2019 барои донишҷӯёни тоҷик 350 бурсия ҷудо намудаст, ки нисбати соли қаблӣ 50 адад зиёд мебошад

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, 23 июл дар мулоқоти  Сайфиддин Давлатзода, муовини вазири маориф бо Петер Ванг Шенганг, раиси котиботи бурсиявии Чин густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф баррасӣ гардид.

Мастерская в школе - Sputnik Тоҷикистон
Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки дар муассисаҳои олии таълимии Чин феълан беш аз 3000 донишҷӯи тоҷик таҳсил менамоянд.

Инчунин зикр шудааст, ки дар Тоҷикистон ду маркази илмию фарҳангии Конфутсий-дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, ки дар онҳо хоҳишмандон метавонанд забон, фарҳанг, расму ойин ва анъанаҳои халқи Чинро омӯзанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала