Суҳбати Шерхон Салимзода: эълони номи саркардаҳои нашъаҷаллобон ва амалиёти бонкии онҳо

© Sputnik / Амир ИсаевШерхон Салимзода. Архивное фото
Шерхон Салимзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шерхон Салимзода, директори Ожонси назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон номи саркардаҳои гуруҳҳои нашъаҷаллоб ва ҷузъиёти амалиёти бонкии онҳоро ошкор кард

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон, ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо Департаменти мониторинги молиявии Бонки Миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 4 гуруҳи муташаккили трансмилллӣ, ҷамъ 16 нафарро муайяну дастгир кардааст.  

Салимзода мегӯяд, ин гуруҳҳо бо роҳбарии Мусулмон Холов бо лақаби Муслик,  Ҳошимхон Баҳодурхонов, оилаи Шириновҳо ва Хуршед Назарзода фаъолият мекардаанд, ки онҳо сокинони ноҳияи Ёвон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода мебошанд.

Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барканории раиси 2 бонк баъди ошкори камбудиҳо ва муомилот бо ҷинояткорон

Дар мавриди амалиёти бонкии нашъаҷаллобон Шерхон Салимзода изҳор дошт, ки дар давоми ду сол гуруҳи якум аз Русия тариқи амалиёти бонкӣ 30 миллион рубл ва гуруҳи дигар 503 миллион рублу 1 миллион доллар гирифтаанд. Аксари амалиёт тариқи ҳамёни электронии "киви" сурат гирифтааст.

Ба иттилои раёсати Ожонси назорати маводи нашъаовар аз гуруҳи Холов бо лақаби Муслик, 4 нафар дар Тоҷикистону 5 нафар дар Федератсияи Русия дастгир шуданд. Дастгиршудагон шаҳрвандони Тоҷикистону Русия мебошанд.  Салимзода мегӯяд, парванда алайҳи се нафар аз гуруҳи дигари нашъаҷаллоб низ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Бангдона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нашъаҷаллоб 8 сол ҳукм гирифт

Дар мавриди даст доштани кормандони бонк дар фаъолияти гуруҳи нашъаҷаллоб, Салимзода изҳор дошт, ки парванда алайҳи се корманди бонки "Эсхата" барои сохтакорӣ аллакай ба додгоҳ ирсол шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 25-уми июл аз ифшои камбудиҳо зимни интиқоли пул, амалиёт бо асъор ва дигар намуди додугирифтҳои молиявӣ дар фаъолияти "Эсхата" ва "Имон интернешнл" иттилоъ дод.

Аз ҷумла даст доштани бархе аз кормандони бонк дар додугирифти бонкӣ бо гуруҳҳои террористию маводи мухаддир таъкид гардид.

Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки роҳбарияти қаблии бонкҳои "Эсхата" ва "Имон интернешнл"-ро тайи ду соли охир барои ҷой доштани камбудиҳо огоҳӣ доданд ва ниҳоят аввали соли равон барканор намуданд.

Лентаи хабарҳо
0