Ӯ фариштаи ман буд: андӯҳи падар аз фоҷиаи Ҳувайдо (НАВОР)

Обуна шудан
Ҳувайдо - духтари панҷсолаи тоҷик чанд рӯз пеш дар Русия кушта шуд. Қазияи марги фоҷеабори Ҳувайдо ҷомеаи Тоҷикистон ва Русияро низ такон дод. Падари духтарак дар сӯҳбат ба хабарнигорон мегӯяд, ки духтараш "фариштае буд"

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори сӯҳбати падари Ҳувайдо бо хабарнигорон пайдо шуд. Вай дар навор дар бораи Ҳувайдо ҳарф мезанад. Ҷое фиғонаш баланд мешавад ва ашки чашми худро истонда наметавонад.

"Духтаракам хуб буд. Инҷо бозӣ мекард, сагро дӯст медошт. Мо доим ин ҷо бозӣ мекардем ва дур намерафтем. Ҳамон рӯз ҳам то соати чор чоруним инҷо будем", — нақл мекунад вай бо лаҳни шикастаи русӣ.

Ба гуфтаи вай, кормандони полис зуд ба хонаводаи Ҳувайдо хабар доданд, ки ҷасади духтракро пайдо кардаанд.

Дар ҳамин лаҳза мард аз гап задан бозмеистад ва кӯшиш мекунад, ки ашки чашмонашро идора кунад.

"Дилам ба вай месӯзад. Ӯ чӣ гуноҳ дошт? Панҷ сол дошт.. магар ӯ  (муттаҳам — идора) дил надорад? Чигуна тавонист кӯдакро кушад? Ӯ дар ин дунёро чизеро надида буд. Хурд буд, вай фариштаи ман буд", — бо оби дида нақл мекунад вай.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки Ҳувайдо ном духтари панҷсолаи тоҷик дар Русия кушта шуд. Александ Сёмин ба иттиҳоми таҷовуз ва куштори бераҳмонаи духтарак боздошт шудааст. Шаби 24 июл ҷасади Ҳувайдо ба Душанбе интиқол дода шуд. Ҳукумати Тоҷикистон ба Русия ёддошт ирсол карда, дар он аз мақомоти кишвар  даъват намудааст, то  тафтиши комили  ҷинояти ваҳшиёна, ки  нисбати ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон низ ба ҳамтоёни русаш дархости вижаро кард.

Баътар сокинони Маскав Александ Сёминро шинохтанд. Ба гуфтаи онҳо, вай кӯшиши бурдани духтари сесолаим яке аз сокинони Маскавро низ карда буд.

Як сенатори Русия аз додситони кулли Русия хоҳиш дорад, ки қазияи Ҳувайдоро зери назорати худ бигирад.

Лентаи хабарҳо
0