Рустами Эмомалӣ ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш даъват кард

Обуна шудан
Тибқи қарори шаҳрдори Душанбе, шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000-и кишвар ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, имрӯз, 25-уми июл, қарор дар бораи омодагӣ ба  даъвати тирамоҳии сокинони пойтахт ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2018-ро ба имзо расондааст.

Тавре дафтари матбуоти шаҳри Душанбе хабар дод, сокинони  синни 18 ва калонтари пойтахт, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Тибқи қарори шаҳрдори Душанбе сокинони солҳои таваллудашон 1999-2000 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Шаҳрдор бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани мавсими даъвати тирамоҳии соли 2018 ба мақомоти дахлдори шаҳр дастуру супоришҳо додааст.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси шаҳри Душанбе вогузор гардидааст.

 

Лентаи хабарҳо
0