Путин розӣ шуд, ки бо Эрдуғон ба ресторан равад, аммо бо як шарт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган, архивное фото
Президент РФ Владимир Путин и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба пешниҳоди Эрдуғон розӣ мешавад ва бо ба ресторан меравад, танҳо дар ҳоле ки Туркия барои гӯшти Русия бозори худро кушояд

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар нишасти БРИКС раисҷумҳури Туркия Таҷаб Эрдуғон ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин пешниҳод кард, ки бо вай барои ғизои нисфирӯзӣ ба ресторан равад, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар посух Владимир Путин шӯхиомез гуфтааст, ки дар  ҳоле пешниҳоди ҳамтои туркашро қабул мекунад, ки ба Туркия гӯшти Русия ворид шавад.

"Мо қарор додем, ки агар маҳсулоти гӯштии мо ба кишвари шумо ворид шавад ва дар ресторанҳои шумо хӯрокҳоро бо гӯшти Русия омода кунанд, он вақт бо шумо ба хӯрокхӯрӣ меравем", — қайд кард вай.

Дар нишати БРИКС сарони Русия ва Туркия масоиили ҳамкорӣ дар масоили гардишгариву иқтисод ва вазъи Сурияро баррасӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала